ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ форумро ифтитоҳ намуда, зимни баррасии илмӣ оид ба вазъи илми тоҷик дар замони муосир иброз дошт, ки илм вожаи номаҳдуд мебошад. Ҳамкории судманд байни олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд густариш ёфта, аксар мушкилиҳои гуногун, ки хоси ҳамаи мамлакатҳои минтақа ҳастанд, дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба баррасӣ шаванд. Фарҳод Раҳимӣ таманно намуд, ки ҳамкории илмӣ-интеллектуалии олимон минбаъд низ тақвият ёбад.
Дар ҳамоиш президентҳои Академияи илмҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон барои ташкил намудани ҳамоиши илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкории илмӣ байни олимони Осиёи Марказӣ боз ҳам густариш меёбад.
Иштирокдорон дар мавзуъҳои «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории академии минтақавӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ», «Масъалаҳо ва дурнамои рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Тоҷикистон дар давраи ҳозира» ва ғайра маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ давлат яке аз ҳадафҳои стратегии худро дастгирӣ ва таҳкими неруи илмӣ барои рушди муваффақ ва устувори ҷумҳурӣ медонад.
Дар солҳои истиқлол аз ҷониби шуъбаҳои илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таърих, бостоншиносӣ ва этнография, фалсафа ва ҳуқуқ, адабиётшиносӣ ва фолклоршиносӣ, забоншиносӣ ва шарқшиносӣ асарҳои бунёдӣ омода ва ба табъ расидаанд.