Перейти к содержимому
 

«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хатлон 378 нафар ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Данғара даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки ба он 378 нафар роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар даври дуюми озмун аз ҳисоби хонандагони синфи 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 7685 нафар иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Фаъолтарин довталабоне, ки аз шаҳру ноҳияҳо ба даври вилоятӣ роҳхат ёфтанд, имрӯз дар байни довталабони дигар шаҳру навоҳӣ дониш санҷида истодаанд.

Аъзои ҳакамон ба махорати довталабон аз рӯйи талабот ва шарти озмуни мазкур баҳо гузошта истодаанд. Беҳтарин довталабон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, мақсад аз он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон мебошад.

Озмун байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти илмии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун доир мегардад.

Дар вилояти Хатлон озмун то 18 сентябр идома меёбад.