ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи мулоқот намуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.
Раиси вилоят оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва Лоиҳаи «Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа» идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шуданд.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некуаҳолии оилаҳои камбизоат ва баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Тазаккур дода шуд, ки дар вилоят мушкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ зиёд буда, ба дастгирии шарикони рушд ниёз доранд. Хусусан камбудиҳо дар самти норасоии синфхонаҳо, дар сатҳи нокифоя қарор доштани хизматрасонии беморхонаҳо ва норасоии боғҷаҳои томактабӣ ба назар мерасанд.
Иброз гардид, ки Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар амалисозӣ ва мониторинги барномаҳои рушди маҳал, бахусус шаҳру ноҳияҳо таҷрибаи хуб дорад. Дар ин самт зарур аст, ки ҳамкории Намояндагии ЮНИСЕФ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба амалишавии механизмҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал ба роҳ монда шавад.
Намояндагони шарикони рушд иброз намуданд, ки ҳадаф аз фаъолият дар ин самт омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Инчунин вобаста ба ғизои солими модару кӯдак барномаи алоҳида фаъолият менамояд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Ҳамзамон барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф ташкилот имконияти фарох дорад. Давоми соли гузашта дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуда, якчанд нақшаҳои дигар тарҳрезӣ шудаанд, ки давоми соли равон амалӣ мегарданд.
Раиси вилоят ва намояндагони шарикони рушд изҳори умедворӣ намуданд, ки дар доираи ҳамкорӣ ба беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.