Перейти к содержимому
 

«ҶАВОНОН БАРОИ САЛОМАТӢ». Тибқи ин лоиҳа ҷавонон доир ба интихоби тарзи ҳаёти солим маълумот мегиранд.

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе татбиқи лоиҳаи «Ҷавонон барои саломатӣ» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур- фароҳам овардани шароит барои ташаккули эътиқоди ҷавонон барои интихоби тарзи ҳаёти солим бо роҳи баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва сатҳи маълумотнокии онҳо мебошад. Дар доираи он мутахассисони соҳаи тиб ба ҷавонон оид ба ҳифзи саломатӣ маълумот медиҳанд.

Зимни он гуфта шуд, ки ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад. Маҳз масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ аҳамияти бузург доранд.

Танҳо тавассути ҷалби саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи ҳаёти солимро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоид фароҳам овардан мумкин аст. Пешбурди тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтарсозии нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад.

Дар ин радиф Кумита тасмим гирифт, ки дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 лоиҳаи «Ҷавонон барои саломатӣ»-ро татбиқ намояд.