Баҳшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар толори Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Барномаи рангини консертиро аъзоёни маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи мазкур гузарониданд. Ҳамзамон дар ин маҳфил дӯстрӯякони Кӯдакистони №2 ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доштанд. Маҳфили фарҳангии ҳонандагон бо суруди умумии «Дунёи миллат» оғоз гардид. Инчунин саҳначаи пешниҳоднамудаи иштирокчиён низ писанди аҳли толор гардид.