Перейти к содержимому
 

Хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе дар олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби 70 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ) ва сазовори ҷойи аввал шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар олимпиадаҳо хонандагони вилояти Суғд сазовори 46 ҷойи ифтихорӣ (11 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ (8 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (5медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) гардид.

Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 хонандаи синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022  284 нафар (28,3%) зиёд аст. Дар озмун 173 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар сазовори медали тилло, 54 кас сазовори медали нуқра ва 113 нафар соҳиби медали биринҷӣ) шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаҳо аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.