ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт озмуни шаҳрии «Доноякон» оғоз гардид. Дар он 43 тарбиягиранда аз 37 муассисаи таълимии томактабии пойтахт байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабинии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусияти фардии кӯдакон баргузор мегардад.
Тибқи Низомнома озмуни мазкур дар 3 давр: муассисавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуда, даври муассисавии он моҳи ноябр гузаронида шуд ва 239 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардид.
Дар умум дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 239 тарбиятгиранда аз 76 муассисаи таълимии томактабии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар натиҷа 43 тарбиягиранда аз 37 муассисаи таълимии томактабии пойтахт ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Тартиби баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибон аз рӯи саволномаи дар варақаи баҳогузории озмуни «Доноякон» ба роҳ монда шуда, ғолибон муайян мегарданд.
Аз ҷумла, барои нақли афсона, аз ёд намудани шеърҳо ва нақл аз рӯи расм то 10 хол ва барои шартҳои дигари озмун – номбар намудани калимаҳо бо овозҳои садоноку ҳамсадо, бо истифодаи 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо, бо тартиб ҳисоб кардан аз 1 то 20 ва баръакс, тасаввуроти кӯдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои математикӣ, расмкашӣ аз рӯи супориш то 5 хол гузошта мешавад.
Озмуни мазкур 20 апрел ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.