Перейти к содержимому
 

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат».

Даври  якуми озмун  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Аӣнӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон аз 14 факултаи донишгоҳ ва сохторҳои мухталифи  ин макони илму маърифат фаъолона иштирок намуданд. Бар асоси натиҷагирии ҳайати ҳакамон танҳо беҳтаринҳо ба даври ноҳиявии ин тадбири ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Дар ин сабқат  наздики 200 нафар довталаб ширкат варзида, назди аъзои ҳакамон  дониш ва маҳорати хешро нишон доданд.