ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ таъкид намуданд, ки «Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».
«Имрӯз дар Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон таълим мегиранд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Мавриди зикр аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ фаъолияти самаранок дорад. Илова бар ин, дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» бомуваффақият фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои зикршудаи донишгоҳҳои Русия, шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.