Омӯзиши забонҳои хориҷӣ талаботи давру замон аст. Ва ҷоннокнамоии ин масъала дар Муассисаҳои таълимии кишвар сол ба сол тақвият меёбад. Зеро тақвият ёфтани забономӯзӣ ба инкишофи зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ, сайқал ёфтани заковати хонанда мусоидат мекунад. Дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ин масъала чораю тадбирҳои мушаххас андешида, таълими забонҳои англисӣ ва русиро ба омӯзгорони соҳибтахассус вобаста намуданд,ки ин ҷиҳат ба пешрафти таълиму тарбия мусоидат намуд. Дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов айни замон 2800 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. 90 нафар омӯзгорони сохибтахассус бо истифода аз 30 адад тахтаи электронӣ ва 2 синфхонаи компютерӣ, муҷаҳҳаз бо 131 компютер ба хонандагон дарс мегӯянд.