5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба истифода доданд.
Иншоот барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва рушди инфрасохтори коммуналии шаҳри Кӯлоб сохта шудаанд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки марказҳои нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои қабули об, захира ва интиқоли он ба маҳаллаҳои аҳолинишин пешбинӣ шудаанд.
Дар деҳаи Корез маркази обтаъминкунӣ бо ҳавзи захиравӣ, истгоҳи обкашӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода шуд. Фаъолияти он имкон медиҳад, ки таъминоти сокинон бо оби ошомиданӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар деҳаи Валиҷон Шамсов маркази обтаъминкунӣ ва корез мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар деҳаи Тӯдакафш низ маркази обтаъминкунӣ ва корез ба истифода дода шуд. Бо фаъолияти иншоот имконияти дастрасии сокинон ба оби ошомиданӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мегардад.
Баъд аз ба истифода додани иншооти нав 30 нафар бо кор таъмин шуданд.
Ҳангоми сохтмони марказҳо ба сифати корҳо, насби таҷҳизоти зарурӣ ва омодасозии шабакаҳо барои фаъолияти мунтазам таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки фаъолияти муназзами марказҳои нав таъмин гардида, таҷҳизоту шабакаҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.
Таъкид гардид, ки ба сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва риояи талаботи санитарӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ба истифода додани марказҳои обтаъминкунӣ ва корез дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.








