5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Маҳмадали Ғаффоров Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии Мирзоён ба истифода дода шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави тандурустӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Гадоев ва фарзандаш Хуршед Гадоев, инчунин Мирзозода Хушбахт ва Зуҳуршо бунёд гардидааст.
Беморхонаи Мирзоён дорои шаш шуъба ва 36 ҳуҷраи корӣ буда, барои хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.
Дар сохтори беморхона шуъбаҳои бемориҳои занона, дарунӣ, қалб, ҷарроҳӣ ва кӯдакона бо 50 кат фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин дар беморхона шуъбаи табобати физиотерапевтӣ ташкил гардида, он имконият дорад дар як вақт то 55 беморро бо намудҳои гуногуни муолиҷа фаро гирад.
Беморхонаи хусусии Мирзоён барои зиёда аз 35 000 сокини минтақа хизматрасонии тиббӣ пешниҳод намуда, бо ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар идомаи сафар дар деҳаи Даҳана, инчунин Маркази ташхису табобатии Шифо-D ба истифода дода шуд.
Марказ бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Тоировҳо бунёд гардида, барои хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Шифо-D дорои панҷ шуъба ва 23 ҳуҷраи корӣ буда, дар як вақт имконияти ҷойгир намудани 20 беморро бо рахти хоб дорад.
Бо ба фаъолият оғоз намудани марказ зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ифтитоҳи иншооти мазкур дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шаҳодат медиҳад.








