
ТУРСУНЗОДА, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода байни духтарони аз 6 то 12-сола эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ 200 нафар иштирокчи ҷамъ омада, ташкили эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун ба кӯдакон эҳсосоти хуш ва хотираҳои фаромӯшнашаванда бахшиданд.
Эстафетаи футбол ва озмунҳои гуногунро лоиҳаи «FIFA Women’s Football Campaign» доир намуда, ҳадафи он тағйир додани муносибат ба футболи занона дар ҷумҳурӣ, ҷалби духтарон ба футбол ва ҳавасманд намудани онҳо барои идомаи машғул шудан ба ин намуди варзиш мебошад.
Пас аз анҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён медал, тӯб ва либосҳои варзишӣ туҳфа карда шуд.








