
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май барои иштирокдорони Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷиҳати шиносоӣ бо иқтидорҳои обию энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат хатсайр ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанбе аз неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», минтақаи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, Сафеддара ва шаҳри Душанбе боздид намуда, бо иқтидорҳои обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд ва манзараҳои табиати зебою нотакрор ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатамро тамошо менамоянд.
Интизор меравад, ки ба меҳмонон ва иштирокдорони Конфронс таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идораи устувори захираҳои обӣ, рушди гидроэнергетика ва татбиқи ташаббусҳои экологӣ муаррифӣ мегардад.
Иштирокчиён бо иншооти зерсохтори об, иқтидори табиӣ ва гидроэнергетикии мамлакат, инчунин мероси фарҳангиву таърихии шаҳри Душанбе низ шинос мешаванд.
Барномаи чорабиниҳои шиносоӣ ба муаррифии нақши Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои калидии минтақа дар пешбурди дипломатияи байналмилалии об ва рушди устувор равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир Раванди оби Душанбе ба яке аз минбарҳои пешбари байналмилалӣ оид ба баррасии рӯзномаи ҷаҳонии об табдил ёфтааст. Маҳз ташаббусҳои Тоҷикистон ба қабули якчанд қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо мусоидат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Конфронси навбатии сатҳи баланд дар Душанбе нақши рӯзафзуни мамлакатро дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим тасдиқ намуда, мавқеи пойтахти Тоҷикистонро ҳамчун маркази муҳими муколамаи глобалии экологӣ ва обӣ таҳким мебахшад.








