
27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд.
Ташрифи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро бо боздид аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.
Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ - маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст.
Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Мақбара мураббаъшакл буда, бо гунбази муҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.
Оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад.
Иншоот ба рӯйхати Мероси фарҳангии ИСЕСКО низ ворид гардидааст. Ҳамарӯза садҳо гардишгар аз тамоми ҷаҳон ба тамошои ин мавзеъ меоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазор сол ба хизматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон арҷ гузошта шуд. Аз ҷумла, соли 1999 1100 - солагии давлатдории Сомониён бошукуҳ таҷлил гардида, дар шаҳри Душанбе муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Пули миллӣ - Сомонӣ ва яке аз ноҳияҳои пойтахт номи ӯро гирифт.








