Перейти к содержимому
 

Ғолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян гардиданд.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии варзишарони Ҷумҳурии Узбекистон -Шоҳрух Давлатов ва Екатерина Тингускова анҷом ёфт.

Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шуруъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ташкили мусобиқа ва чорабиниҳо аз Фонди рушди пойтахт зиёда аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Бояд гуфт, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.

Ғолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе:

Байни мардон:

1. Шоҳрух Давлатов  (Узбекистон)  1:04,11  (38 500 сомонӣ)

2. Фенти Гирма  (Ҳабашистон)  1:04, 14  (33 500  сомонӣ)

3. Ҳасан Мирсоатов  (Узбекистон) 1:04,42  (27 500 сомонӣ)

4. Белкин Ярослав (Русия) 1:05,19 (22 000 сомонӣ)

5. Отабек Ташқувватов (Узбекистон) 1:05, 16 (19 800 сомонӣ)

6. Виталий Шафа (Украина) 1:06,12 (16 500 сомонӣ)

Байни занон:

1. Екатерина Тингускова (Узбекистон)  1:18,31 (38 500 сомонӣ)

2. Елена Сергеева (Русия) 1:18,34 (33 500  сомонӣ)

3. Александра Вдовиня  (Русия) 1:19,06 (27 500 сомонӣ)

4. Свитлана Кудзелич  (Белорус) 1:20,53 (22 000 сомонӣ)

5. Елена Толстих (Русия) 1:21, 45 (19 800  сомонӣ)

6. Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон) 1:22, 40 (16 500 сомонӣ)