
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки Сарони ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки саҳми робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла фаъолияти густурдаи Комиссия оид ба ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия, дар таъмиқи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия назаррас аст.
Ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷуда дар самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, саноат, аграрӣ ва илму фарҳанг зарур дониста шуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуданд.