Перейти к содержимому
 

«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯнамоии  китоби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо номи «Пешвои сангаршикани миллатсоз» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро бар дӯш гирифта, мамлакат ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию нобудӣ наҷот медиҳанд.  «Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳилаи аввали истиқлолият — дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX ба мушкилоти азими сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ мубаддал гардид, рӯ ба рӯ шуданд. Миллати тоҷик дар он вазъи басе мураккаб воқеан ба роҳнамову сарвар,  пешвои дурандешу хирадманд, боиродаву б тадбир ниёз дошт, ки фавҷи бузургро бо ақлу хирад ва тавони имону инсонгарӣ, фаросату наҷобат аз роҳи хато баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, аз паси хеш барад.  Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд. Он рӯзи таърихиву сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне, 16 ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи навини мамлакат мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст»,-изҳор дошт ӯ.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат чун сиёсатмадори даврони нав бо қалбу нияти пок, ҷасорату далерӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватани азизи худ ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд. Дастоварди  пурарзиш дар даврони истиқлолияти мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати  миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа мебошад, ки он бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои миллат пайвасти ногусастанӣ дорад.

Таъкид гардид, ки натиҷаи сиёсати бобарору хирдамандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳавуллот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумуъ кард. Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо раванди созандагиву ободкорӣ идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ҳадафмандона амалӣ мегарданд.

Иброз шуд, ки тасмими  сиёсатмадор ва ходими намоёни давлатӣ- муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар ифшову корнамоиҳои азими Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бозгӯи гуфтаҳои боло мебошад.

Китоб бо назардошти рӯнамоии ҳаводису рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва рушду инкишофи Тоҷикистон асари рӯимизӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мегардад.