17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша»-ро дар деҳаи Заркамар 1-и деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ, шодравон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 46 садяк замин, бунёд ёфтааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистон моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, дар муддати камтар аз 10 моҳ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иншооти навбунёди таълимӣ, ки аз 2 ошёна иборат мебошад, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 300 то 350 кӯдак пешбинӣ шуда, барои кор бо онҳо 20 мураббияи соҳибтаҷриба ва ёрдамчиёни мураббияҳо ҷалб карда шудаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ ҳоло 30 нафарро ташкил дода, дар сурати зиёд гардидани тарбиятгирандагони боғча, шумораи кормандон аз ҳисоби мураббияҳо афзун карда мешавад.
Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» дорои 50 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, хобу истироҳат ва ошхонаю дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бинои навбунёд бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ низ пайваст мебошад. Тамоми синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ ва деворҳои муассиса бо расму мусаввараҳои ҷаззобу диданӣ, ки ҳамагӣ ифодагари дунёи рангини кӯдакон мебошанд, оро дода шудааст.
Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои ташаккули зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми тадбирҳо андешида мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити кӯдакистон ба сифати корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, бунёди чунин муассисаи томактабии муосирро дар сатҳи маҳал, ташаббуси оқилонаву зарурӣ ва кори хайру савоб арзёбӣ намуданд.
Саҳни бинои Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» сабзу гулкорӣ карда шуда, роҳравҳои он пурра сафолакпӯш карда шудааст. Насби муҷассамаи ҳайвоноти гуногун дар саҳни бино, ки ифодагари табиати бою рангини Тоҷикистон мебошад, барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии дӯстрӯякон ва муносибати дурусти онҳо бо табиат муассир аст. Ҳамзамон дар саҳни бино ду айвончаи тобистона ва атраксионҳо барои бозии кӯдакон насб гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулон ва омӯзгорони боғчаи мазкур, онҳоро ба таълими босифат, омӯзиши донишҳои муосир ва тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.