Перейти к содержимому
 

Боздид аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Файзобод.

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт, аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Файзобод шаҳодат медиҳад.

Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорӣ аст, бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки иқлими ноҳия барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаламфури булғорӣ ва меваҷот  хеле мусоид мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, барои дарёфти тухмиҳои навъҳои серҳосил, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди ҳашарот ва бемориҳо, инчунин ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳидоят намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Файзобод дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили дилхоҳ ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба даст омадаанд, ба таври васеъ ба намоиш гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд ба давраи то 1 августи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Файзобод зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ инчунин маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумла анвои гуногуни нон, аз ҷумла фатир ва кулча муаррифӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва деҳқонони ризқофар барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳдошти фарҳанги заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон дастуру тавсияҳо доданд.