Перейти к содержимому
 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гирандагони Стипендияи президентӣ аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки таъсиси Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон барои ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис шудааст.

Ҳамзамон чанд нафар гирандагони Стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии мамлакат миннатдории самимонаро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои миллат гардида, дар рушди мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.