ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» ба ифтихори ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Маҳфил ба хотири арҷ гузоштан ба корнамоиҳои варзишгарони тоҷик ва баланд бардоштани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ — Бозиҳои олимпии Париж-2024 доир шуд.
Зимни чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизадоронро табрик намуда иброз дошт, ки варзиш яке аз воситаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон мебошад.
«Он дар ҳаёти ҳар як нафар аҳамияти аввалиндараҷа дошта, пайваста байни мардум тарғибу ташвиқ мешавад. Варзиш воситаи беҳтарини муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб меравад. Мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд», — изҳор намуд ӯ.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки тадбирҳои шоиста ва сазовор дар самти таҷдиду навсозӣ ва бунёду ба истифода додани якчанд маҷмааву варзишгоҳҳо дар тамоми манотиқи мамлакат нишони таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат дар ин самт мебошанд. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ нишони он аст, ки дастгирӣ ва рушд бахшидани соҳаи варзиш як қисми сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳад.
“Мояи хурсандии кулли мардуми мамлакат, аз ҷумла варзишгарони номвари Ватан аст, ки дар ин Бозиҳои олимпӣ Тоҷикистонро 14 варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ намояндагӣ намуда, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани се медали биринҷӣ номи кишварро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд”, — гуфт Раиси Кумита.
Иброз гардид, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бундёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 934 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо ҷавонону наврасон, варзишгарону сокинони мамлакат аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ба се ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ — Давлат Болтаев, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Имрӯз дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ — Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.
Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир гардид.
Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, пагоҳ соати 11:00 дар тарабхонаи “Яккачинор” Кумита ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж — 2024-ро бо мукофоти пулӣ маблағи 10 000 доллари ИМА ҳавасманд менамояд.