Перейти к содержимому
 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ.

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдатӣ миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки  пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум  бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд.

Доир ба мафҳуми ваҳдат ҳамин нуктаро гуфтаниям, ки  фаҳмиши ваҳдат хеле қадимист ва  шояд аз қадимтарин зинаи ҷомеаи инсонӣ ибтидо гирифта бошад. Ваҳдат дар раванди шаклгирии қабилаҳо ва шиддатёбии низои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зичи онҳоро тақозо дошт, лозим буд.

Агар амиқтар назар кунем, дар ҳама ҳолат ҳамбастагии қавмию қабилавӣ, ки пасон ба иттиҳодияи қабилавию аз он баъд омили асосии ташаккулу рушди давлатдорӣ гаштааст, дар асоси ифоқаю ваҳдат будааст. Халқҳое, ки беҳтару бештар муттаҳид мешуданд, дигар халқҳои ҳамбастагии сустдоштаро ба зери тасарруфи худ медароварданд. Дар натиҷа империяҳо пайдо мешуданд, ки аз конгломерати халқҳои гуногун иборат буда, ядрои онҳоро халқияте ташкил мекард, ки бештар муттаҳид буда, парокандагию низои дигар халқҳоро истифода мебурд ва иҷборан онҳоро ба худ тобеъ менамуд.

Ба омилҳои халқиятро муайянкунанда, ҳамзабонӣ, ҳамҳудудӣ, ҳабастагии психологию фарҳангии дар тули асрҳо инкишофёфта, боз як омили дигар – мутаммарказии иқтисодӣ зам мешавад, ки ба ташаккули миллат асоси қавӣ гузошт. Аз инҷост, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ низ аз ваҳдат маншаъ мегирад.

Мафҳуми ваҳдатро бо кадом забоне, ки ном набарем, аз он омили манфиатбахшиаш тағйир намеёбад. Дар фарҳанги тоҷикӣ ибораи  «ваҳдат» арабӣ буда, маънии ягонагӣ, танҳоӣ, як будан аст. Ин фаҳмиши дунявии ваҳдат аст.

Дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеъияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард.

Дар тули таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буданд ва қариб ҳазор сол халқи тоҷик фақат заҳри тобеъият чашида, ягона тасаллои дил тарғиби ғояҳои ваҳдат дар назми оламгири тоҷикию форсӣ тараннум мекарду роҳи халосиро дар ваҳдати вуҷуд медид.

Вале гардиши таърих чун подоши ҳамаи ин ранҷу хориҳо моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, нигаҳдошти  ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт.

Воқеан, муҳимтарин сарчашмаи рушди ҳар як давлати соҳибисттиқлол,  пеш аз ҳама,  ваҳдат –  ягонагӣ, иттиҳод ва якпорчагии он маҳсуб меёбад. Ҳодисаҳои сиёсии охири садаи ХХ ва чаҳоряки аввали асри XXI нишон дод, ки бе ваҳдат, ваҳдати комил, ё ин ки ваҳдати миллӣ, ки нуқтаи баландтарини ваҳдати ҷомеа мебошад, на танҳо рушд ва пешрафти мамлакат ба даст намеояд, балки эҳтимоли аз байнравии он ба миён меояд. Ба андешаи коршиносон Ваҳдати миллӣ ин ягонагӣ ва ҳамдилии ҳамагон атрофи миллат дар ростои мусолиҳаҳои миллӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва ширкати ҳама дар дастёбӣ ба рушди ҷомеа мебошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Вале, то расидан ба Ваҳдати миллӣ, ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон рӯзҳои басо вазнинро паси сар кард, ки заминаҳои он ҳанӯз дар охири давраи шуравӣ гузошта шуда буданд ва воқеаҳои февралии соли 1990 эътирози ошкорои душманони миллат ва ҳомиёни дохилию хориҷии онҳо буд.

Он солҳо гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ба вуҷуд оварданд. Эътироф накардани натиҷаи интихоботи умумихалқии соли 1991 аз ҷониби ба ном қувваҳои демократӣ, ки дар асл бозичаи дасти исломгароён буданд, баёнгари он буд, ки ин қувваҳо бо ҳар роҳу восита талоши ҳокимияти сиёсӣ доранд.

Аз ин ҷост, ки неруҳои бадхоҳ  бо дастгирии ҳомиёни худ аз хориҷи дуру наздик Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро комилан фалаҷ сохта, дар ҷумҳурӣ беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.

Майдоннишиниҳои беохир, ҳамчун як воситаи асосӣ оғози муборизаи ошкорои мусаллаҳона, таъсиси ба ном Ҳукумати муросои миллӣ, вале дар асл зиддимиллӣ, ки як минтақаи калони мамлакатро дар муҳосира нигоҳ дошта, тавассути воситаҳои ахбори умум, пеш аз ҳама телевизиону радио дар ҷумҳурӣ ошкоро тухми низову бадбинӣ ва маҳалгароӣ мекошт, мардуми тоҷику тоҷикистониёнро ноумед карда буд.

Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони фаъол ва асили мамлакат ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии ҷумҳурӣ масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.

Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, ҳокимияти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор сохт ва вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро бо дурнамои рушди ояндаи он муайян намуд.

Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Сарвари давлат аз ибтидо дар ин мақоми басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани мамлакатро ба миён гузоштанд. Вале, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аллакай қисмати зиёди қаламрави Тоҷикистонро фаро гирифта буд ва ҳар рӯз иқтисодиёти мамлакат дучори хисороти азим гашта, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон мегардид. Баъдан Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Дар суханронии таърихии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ аз 9 марти соли 2024  Пешвои муаззами миллат аз ин рӯзҳо чунин ёдоварӣ намуданд: «Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд. Ҳамаро зери по кардем. Ба чӣ оварда расонд? Ба анархия – беҳокимиятӣ!».

Ба чӣ овардани расонидани ин беҳокимиятӣ ва бесарусомониҳои он давра, ки дар натиҷаи он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ аланга гирифт, беш аз 150 ҳазор нафар фарзанди миллат кушта, зиёда аз як миллион гуреза,  50 ҳазор кӯдаки ятим, ҳазорҳо оила ғамзада ва мамлакат мотамзада шуда, ба иқтисоди ҷумҳурӣ даҳҳо миллиард сомонӣ хисорот расонида шуда буд, аз хотири мардуми тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ, имрӯз, ки  дар арафаи ин ҷашни бузург қарор дорем, набояд хидматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин фаромӯш намоем ва нагӯем.

Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳ шуд, оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор шуд, ҳазорҳо километр роҳҳову пулҳову нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ташаббускори сатҳи байналмилалӣ  ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт.

Пешвои миллат дар чунин як давраи басо мушкили буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифтанд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи ҷумҳурии тозаистиқлолро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ  дарҷ шудаанд. Мо имсол 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Гузашти 30 сол нишон дод, ки  Конститутсия дар ташаккули ҷомеаи нав, пеш аз ҳама, дар таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши созанда гузошт.

Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси ҷумҳурӣ бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

Бояд таъкид намуд, ки ҳар як сокини мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои  ҷаҳони пуртазодди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.

Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.

Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурию ҳаётӣ мебошад.

Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо давлатҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад. Имрӯз аксари гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини Ислом сӯйистифода карда, миёни мазҳабҳои он низоъҳои нангинро ташкил карда истодаанд, ки ин раванд, бешубҳа, сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад.

Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст.

Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри заруриву ҳаётӣ мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем. Дар ин раванд қайд намудан ба маврид аст, ки аъмоли фоҷиабори ҳаракатҳои зикршуда, аз ҷумла созмони террористии ба ном Давлати исломиро дар олами мутамаддин касе дастгирӣ намекунад ва баръакс, онро ҳама маҳкум мекунанд.

Кайҳо муайян гаштааст, ки Давлати исломӣ бо дини мубини Ислом ягон робита надорад, баръакс нақшаву нияти қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.

Ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо ба ин ҳаракатҳо ҳар як инсони бедордилро набояд бетараф гузорад, баръакс ӯро водор созад, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза барад ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорад.

Яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба чунин созмонҳо — орзуи дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан мебошад. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи таблиғотчиёни  хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд.

Доир ба масъалаи мазкур Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ аз 9 марти соли 2024  бори дигар ба шаҳрвандони мамлакат, махсусан ҷавонон муроҷиат намуда таъкид намуданд, ки «Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар мамлакатҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст. Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем. Амалҳои зикршуда бо мақсади беобрӯ кардани миллати тоҷик ва давлати тоҷикон роҳандозӣ карда мешаванд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».

Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин падидаҳо ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон, қадру қимати Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳимояи арзишу дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, инчунин гирифтани пеши роҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои тундрав эътибори аввалиндараҷа бояд дода шавад.

Дар ин раванд мо бояд бори дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз  30 майи соли 2024 ба роҳбарӣ гирем ва иҷро намоем, ки  фармуданд: «Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад».

Яъне бештар ба илмомӯзӣ рӯй овардани ҷавонону наврасон, омӯзиши ҳар чӣ бештари фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, донистани техникаву технологияи муосир ва забонҳои хоричӣ имрӯз тақозои замон ва роҳи халосӣ аз ифротишавии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа аст.

Аз ин рӯ, дар арафаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки имрӯз пеш ва беш аз ҳарвақта моро ваҳдат, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, сиёсати дурандешона, созанда, ободкорона, фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебояд. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири рӯзгори ободу пешрафти ҷумҳурии азизамон дар атрофи ин абармарди дунёи сиёсат, сарсупурдаи давлату миллат муттаҳид бошем, бо кору пайкори ҳаррӯзаи худ дар татбиқи амалии нақшаву барномаҳои муҳими давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорем, бо тоҷик будани худ ва бо Пешвои муаззами миллат ифтихор намоем.