Перейти к содержимому
 

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Хоруғ олимпиадаи минтақавӣ доир намуд.

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), инчунин Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» олимпиадаи минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Олимпиадаи минтақавӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон /ДБССТ/ созмон дода шуд.

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ин олимпиадаро барои дарёфти истеъдодҳои бомаҳорат дар самти илмҳои дақиқ муҳим арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиада ду рӯз идома ёфта, ғолибон бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.