Перейти к содержимому
 

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ ба хотири Маҳмуд паҳлавон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар шаҳри Исфаройини вилояти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Вазишгарони умедбахши мамлакат Ҳақназар Назаров ва Умар Расулов дар вазни то 90кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни +90кг иштирок намуда, медалҳои биринҷии ин мусобиқоти сатҳи баландро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки дар он ин се паҳлавони тоҷик- Умар Расулов дар вазни то 80 кг ҷои аввал, Ҳақназар Назаров дар вазни то 80 мақоми дуюм ва Шарифҷон Назриев дар вазни +86кг ҷои дуюмро гирифта, медалҳои тилло ва нуқраи мусобиқаро соҳиб шуданд.