Перейти к содержимому
 

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Суратгузориш аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд манзур мегардад.

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гулпарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» низ бо шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ин фестивалро гузаронида, барои пешвозгирии меҳмонону сайёҳон саҳни онро ба гулгашт табдил додаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ин фурудгоҳ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки фестивали «Сайри гули лола» бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 ва густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва  вилоят баргузор мегардад.