ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқлол»-и шаҳри Турсунзода ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ — ҷашни бузурги миллӣ бо шукуҳ таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ҳайати меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон бо хони идонаи омоданамудаи сокинони шаҳр, ки аз таомҳои миллӣ — ҳафтсину ҳафтшин иборат буд ва ҳунарҳои мардумӣ, ки хоси ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад, шинос шуданд.
Баён гардид, ки ҷашни Наврӯз яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва маънавии тоҷикон арзёбӣ гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷилои нав эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Наврӯз ҳамчун айёми эҳё ва шукуфоии табиат одамонро ба кишту кор, бунёдкорӣ ва амалҳои хайру саховат ҳидоят намуда, ба инсон неруи созанда ва шодиву сурур мебахшад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз маҳсуб шуда, мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода низ дар пойдории рукнҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои неки наврӯзӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар шаҳри Турсунзода аз Наврӯз то Наврӯз ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ афзуда, кишоварзон дар ғановати дастархони ҳамдиёрон нақши муҳим мегузоранд.
Иброз дошта шуд, ки Наврӯз ҳамчун сарчашмаи маънавӣ ва эҳёву созандагӣ ба мардуми соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои ободкорӣ руҳу тавони тоза мебахшад.