Перейти к содержимому
 

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Барои дарёфти он байни занону духтарон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол доир мегардад.

ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 феврал то 6 март дар шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Мусобиқа дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ» — и шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, инчунин дастгириву қадрдонии занону духтарон гузаронида мешавад.

Тибқи ин қарор, барои ғолибони озмун Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 140 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо менамояд.