Перейти к содержимому
 

Дар Тоҷикистон Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин рӯз  кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат техникаҳои кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш  мегузоранд.

Бояд таъкид намуд, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо намуда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мо аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.