Перейти к содержимому
 

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакон ва наврасон» баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 23 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе».

«Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи байналмилалии ихтироъкории кӯдакон, ки ҳамасола 17 январ таҷлил мегардад, доир мешавад.

«Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон» бо мақсади иҷрои ҳадафҳои барномаи «Бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020-2040», ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, шиносоӣ бо навовариҳои илм ва истеҳсолот, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияҳои муосир, мусоидат дар рушди тафаккури техникӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули қобилияти эҷодиву зеҳнӣ доир мешавад.

Инчунин он ҷиҳати омодагии ҷиддии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва барои татбиқи амалии дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тақвияти корҳо дар самти дарёфт, ҳавасмандгардонӣ ва тарбияи истеъдодҳои нав дар бахшҳои ихтироъкориву навоварӣ эълон гардида,  нахустин  маротиба  дар ин сатҳ ташкилу баргузор мешавад.