ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар мамлакат бояд тадбирҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ тақвият бахшида шавад. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён дошт.
Тавре дар Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар нишаст масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе давоми соли 2023 ва фаъолияти шуъбаю ҷузъу томҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо бояд пурзӯр гардонида шавад.
Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ камбудию норасоиҳои дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳу нақлиёт, танбашавӣ ва пешгирии қоидавайронкуниҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.