ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни касбӣ таҳти унвони «Ошпаз-қанноди беҳтарин» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд.
Ҳадаф аз гузаронидани озмун- баланд бардоштани дараҷаи дониши тахассусии ҷавонону донишҷўён, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод буда, дар озмун 40 ҷавон аз Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар маросими чамбасти озмун таъкид гардид, ки озмун ба баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инкишофи шавқу завқи устоҳои таълими истеҳсолӣ ва хонандагон, тарғиби интихоби касб, эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ, нишон додани таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ равона гардид.