ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, соли 2024 Тоҷикистон 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд.
Ба иттилои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, дар назар аст, ки имсол номинатсияи «Хутали қадим» дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод гардад, ки он аз ёдгориҳои «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, Шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор), «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории «Шоҳи Хомӯш» дар ноҳияи Муъминобод, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иборат мебошад.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки «бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 барои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО соли рушди назаррас ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол чанд номинатсияи алоҳида ва муштараки мамлакат, аз қабили «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас», «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ва «Ҷашни Сада» дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуданд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги бою рангини халқи тоҷик минбаъд низ ҳамкории густурдаро бо ЮНЕСКО тақвият дода, ёдгориҳои дигари таърихиву фарҳангиро ба ин ниҳоди бонуфуз пешниҳод менамояд.
Дар айни замон дар Феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО 15 ёдгории фарҳангию таърихии Тоҷикистон қарор дорад, ки инҳо Ҳулбук – пойтахти Хутали Қадим, ёдгориҳои Шоҳроҳи Абрешим, Қаторкӯҳҳои Фон, Мамнуъгоҳи Кусавлисай, Мамнуъгоҳи Дашти Ҷум, Мамнуъгоҳи Зоркӯл, Мақбараи Амир Ҳамза Ҳасти Подшоҳ, Шаҳркадаи қадимии Тахти Сангин, Шаҳри қадимии Байтудашт IV, Мақбараи Хоҷа Машҳад, Маъбади буддоии Аҷина-Теппа, Мақбараи Хоҷа Нашрон, Шаҳри қадимии Панҷакент, Мақбараи Муҳаммад Башоро ва Шаҳри қадимии Шаҳристон (Қаҳқаҳа) мебошанд.
Номинатсияе, ки ҳоло мавриди коркард қарор дошта, дар назар аст, ки имсол барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод шавад, парвандаи силсилавии дигар таҳти унвони “Роҳи Абрешим: долони Фарғона-Сирдарё” мебошад, ки қаламрави ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро фаро гирифтааст. Ҳоло ин парванда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таърихию фарҳангии қалъаи Хуҷанд, оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, шаҳраки Бунҷикат, петроглифҳои ноҳияи Ашт, мадрасаи Абдулатиф Султон, дахмаҳои Куркат ва маҷмааи Ҳазрати Шоҳро дар бар мегирад.
Дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ёдгории фарҳангию таърихӣ сабти ном шудаанд. Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ қариб 500 унсури миллии ғайримоддиро дар бар мегирад. Ин унсурҳо ёдгориҳое мебошанд, ки ба мо, тоҷикон, пайравони Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Ал — Хоразмӣ, Рӯдакӣ, Хайём, Ҷомӣ, Ҷалолуддин Балхӣ, Фирдавсӣ ва дигарон аз аҷдодонамон мерос мондаанд. Ҳамаи инҳо метавонанд дар оянда ба рӯйхатҳои дахлдори ЮНЕСКО шомил гарданд.
Воридшавии номинатсияҳои миллӣ ба феҳристҳои ЮНЕСКО, пеш аз ҳама, ба мамлакати мо имконият медиҳад, ки мардуми сайёра бо фарҳангу таърихи мо аз наздик шинос шаванд. Ҳамчунин воридшавии номинатсияҳои миллии мо ба ЮНЕСКО шароит фароҳам меорад, ки унсурҳои миллӣ зери таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифта, беҳтар ҳифз шаванд. Дар баробари ин, воридшавӣ метавонад ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат низ мусоидат намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пешсаф дар роҳи ба ҳам овардани давлатҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад, зеро Комиссияи миллии мамлакат ташаббусгари машваратҳои байниидоравии намояндагони комиссияҳои миллии ЮНЕСКО-и давлатҳои аъзои ИДМ мебошад.
Албатта, мамлакати мо дорои мероси моддӣ ва ғайримоддии ғанӣ аст, ки дар феҳристи гунонуни ЮНЕСКО ҷойгоҳи худро доранд ва Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи ин мавзеъҳо ва унсурҳо, барномаҳои давлатӣ, аз қабили “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” — ро қабул намудааст, ки онҳо барои ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ дар дохили давлат мусоидат менамоянд.
Соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 номинатсияи худро ба феҳристҳои марбутаи ЮНЕСКО ворид намуд, ки аз он 3 парванда номинаи миллии мамлакат мебошанд. Чунин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта нишондиҳандаи фаъолшавии мамлакат дар ЮНЕСКО мебошад. Яке аз он номинатсияи муштараки мамлакат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” мебошад.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва пайванди насли имрӯза бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии Сада ва Меҳргон қонунан эҳё гардиданд. Бинобар ин, парвандаи номинаи “Меҳргон” низ барои баррасӣ дар соли 2024 ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи ғайримодди ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст.
Мояи ифтихори мо аст, ки номинатсияҳои миллии мамлакат, аз қабили “Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Анъанаи бофтани атласу адрас”, ки хоси занони тоҷик мебошанд, ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомил шудаанд. Дар баробари ин, дастоварди дигари мамлакат- ин шомил шудани номинатсияи муштараки “Роҳи абрешим: долони Зарафшон — Қайроққум”- фарогирандаи мавзеъҳои таърихии Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО мебошад, ки 17 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
То имрӯз номинатсияҳои зиёди мамлакат ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО ворид шуда, баъзеи он дар баррасӣ қарор доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ин созмон сол ба сол густариш меёбад. Мо имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ номинатсияҳои бештари Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ин созмон ворид мешаванд.