Перейти к содержимому
 

ТАБИАТИ АТРОФРО ПОКИЗА НИГОҲ МЕДОРЕМ ! Соли 2023 дар шаҳри Душанбе 106 маротиба ҳашари экологӣ гузаронида шуд.

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва муассисаҳо дар асоси супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо ташаббуси мақомоти назорати давлатӣ-Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе соли 2023 47 маротиба ҳашари экологии “Тозагии соҳил”, 51 маротиба ҳашари “Тозагии маҳал” ва 8 маротиба ҳашари “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуд. Дар ин хусус сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур иттилоъ дод.

Зимни баргузории 47 ҳашари экологии “Тозагии соҳил”, ки дар соҳили дарёҳои Варзоб, Душанбе, Лучоб, Кофарниҳон ва ҳудуди каналҳои Янги-Чоряккорон, Ҳазора, Шайнак, Қазоқон, селпартоҳои Свириденко, Коргар, Анзоб, Зарафшон доир гардиданд, 46,1 км соҳили дарёву каналҳо тоза гашта, ба миқдори 3527 м3 партовҳои сахти маишӣ тавассути 99 техникаи махсуси соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Хушбахтона, тавассути гузаронидани ҳашарҳои экологӣ дар пойтахт, пеш аз ҳама, тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар таъмин шуда, сокинон бо ифтихор аз сокини пойтахт будан дар ободонию шукуфоии маҳалли зисти худ ҳисса мегузоранд. Аз ҷониби дигар, таваҷҷуҳи сокинон ба мушкилоти экологӣ ҷалб мешавад.

Саидаҳмади Акрампур иброз дошт, ки бо назардошти беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 51 маротиба ҳашари экологии “Тозагии маҳал” гузаронида шуда, дар ҷараёни он 855,4 м3 партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ гардид. Гузашта аз ин, дар ҳудуди шоҳроҳҳо 8 маротиба ҳашари “Тозагии шоҳроҳ” амалӣ гардида, 12241 метр роҳҳо тоза шуда, 26,5 м3 партовҳо бароварда шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” зимни гузаронидани ҳашарҳои экологӣ аз ҷониби нозирони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ корҳо бурда шуда, ба сокинони шаҳраку маҳаллаҳо фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт фаҳмонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 аз шаҳрвандони мамлакат даъват гардид, ки ба тозагии роҳраву атрофи биною манзилҳо диққат диҳанд, зеро хунукназарӣ нисбат ба тозагии муҳит аз бемаърифатӣ дарак медиҳад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳар меҳмоне, ки ба мамлакати мо меояд, сараввал ба муносибати мардуми шаҳрҳо, бахусус сокинони пойтахт ва фарҳангу тозагии атроф баҳо медиҳад. «Ба шаҳрвандони мамлакат, бахусус ронандагони мусофиркаш ва мусофирони онҳо муроҷиат менамоям: мо мегӯем, ки мардуми тоҷик тамаддуну фарҳанги бою ғании қадимӣ дорад, вале мо дар вақти дар дохили нақлиёт буданамон ба табиати атроф партов мепартоем. Чаро ҳавливу хонаву дари худро ифлос накарда, давлатро ифлос менамоем? Фаромӯш насозед, ки давлат аз хона ва оила шуруъ мешавад», -иброз доштанд Пешвои миллат.

Бояд гуфт, ки шаҳрнишин будан ва дар шаҳр зиндагӣ намудан, пеш аз ҳама, масъулияти бузург талаб менамояд. Зеро ҳар меҳмоне, ки ба давлати мо меояд, сараввал ба муносибати мардуми шаҳрҳо, бахусус сокинони пойтахт ва фарҳангу арзишҳои миллии мо баҳо медиҳад. Аз ин хотир имрӯз мо дар иҷрои фарҳанги шаҳрнишинӣ масъулияти баланд дорем.

Зеро пойтахт — оинаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир сокини шаҳр бояд ҳамеша дар рафтору гуфтор намунаи ибрат ва дорои фарҳанги воло бошад.

Агар ҳар шаҳрванд дар тоза нигоҳ доштани атрофи хона ва макони бозии кӯдаки худ саҳм нагузорад, ҳеҷ пешравию ободӣ ба даст намеояд.

Бино ба таҳлили мутахассисони соҳа, дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бо сабаби мавҷуд набудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ партовҳои сахти маишӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, яъне соҳили дарёву рӯдхонаҳо ҷойгир мешуданд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 1761 нуқтаи партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки сокинон партовҳои сахти маиширо дар ин нуқтаҳо ҷойгир менамоянд. Ин далели он аст, ки бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати ҷойгир будани зичии аҳолӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо партовгоҳҳои иловагӣ сохта шуданд. Инчунин мутобиқ ба қарори Раиси шаҳри Душанбе, баровардани партовҳо сари вақт ба роҳ монда шудааст, ки корхонаҳои партовкашон аз соати 12 –и шаб то соати 4-и субҳ партовҳоро ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол медиҳанд.

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ифлос гаштани соҳили дарёҳои Варзоб, Душанбе, Лучоб ва Кофарниҳон ҳамасола ҳашарҳои экологии “Тозагии соҳил” доир мегарданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва ҷалби фаъолонаи аҳли ҷамоат дар доираи амалишавии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чунин ҳашарҳо натиҷаҳои хуб ба бор меоваранд.

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолонаи сокинон, аҳли ҷамоат ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо мақсади покиза нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳалла, назди биноҳои истиқоматӣ, соҳилу дарё ва каналу ҷӯйборҳо пайваста ҳашарҳои экологӣ мегузаронад.

Воқеан, ҳифзи муҳити зист масъулияти шаҳрвандӣ буда, шаҳрвандон вазифадор ҳастанд, ки дар равнақи корҳои ободонию созандагӣ саҳм гирифта, дар баргузории ҳашарҳои экологӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми солҳои 2017-2023 бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои пойтахт, махсусан муҳити экологӣ ба таври бесобиқа дигаргун гашта, дар ин замина корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Бо ташвиқу тарғиби донишҳои экологӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба ҳашарҳои умумишаҳрӣ имкон фароҳам омад, ки назари фардии шаҳрвандон дар ҳалли мубрами масъалаҳои экологӣ дигар гашта, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии экологии ҷомеа қадамҳои устувор ва дар таъмини ободонию шукуфоии маҳалли зист ҳиссаи назаррас гузошта шавад.