ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар 7 соли минбаъда то ба 10 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвари давлат иброз доштанд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 фоиз дар соли 2023 паст гардид.
Ҳамчунин Пешвои миллат зарур шумориданд, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самаранок суръати рушди иқтисоди миллиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, дар соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017 1,6 фоиз баробар афзоиш ёфтааст.