Перейти к содержимому
 

ШАХСИ ХИРАДМАНД. Имрӯз бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҳамоиш доир гардид.

ДУШАНБЕ, 27.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Шахси хирадманд» бо иштироки олимону донишмандон ва собиқадорони соҳаи табъу нашр конференсияи илмӣ—назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар нашриёти «Ирфон».

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басе арзишманд мебошад.

Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик, мутафаккири барҷаста, аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст.

Изҳор гардид, ки Бобоҷон Fафуров ҳаёт ва фаъолияти гуногунҷанбаи худро на танҳо ба пешрафти иқтисодиёту маънавиёти  халқи Тоҷикистон бахшидааст, балки ҳамчун олим ва сиёсатмадори оқил умри хешро сарфи озодиву истиқлол ва рушди илму тамаддуни бисёр давлатҳои Шарқ низ намудааст. «Хизматҳои ӯ дар роҳи ба ҳам наздик сохтани тамаддунҳо ва таҳкими сулҳ дар сайёра бо медали тиллои Шурои умумиҷаҳонии сулҳ қадршиносӣ шудаанд. Ӯ ҳамчунин яке аз аввалин шахсоне мебошад, ки бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру сарфароз гардидааст.

Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ нависанда, журналист ва собиқадори матбуот Саидмурод Рабизода оид ба «Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди энергетикаи тоҷик», мудири шуъбаи  китобҳои тиб, техника, кишоварзӣ ва саноат Лайлои Файзиддин оид ба «Бобоҷон Ғафуров ва хизматҳои беназири ӯ дар рушди илми таърихшиносии тоҷик» ва дигарон маъруза намуданд. Аз ҷумла, изҳор шуд, ки  Бобоҷон Ғафуров ҳамчун мутафаккири барҷастаи точик дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ ба ҷаҳониён тавонист исбот намояд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад.

Хизмати дигари барҷастаи Бобоҷон Ғафуров он аст, ки бо заҳмату талошҳои ӯ дар Тоҷикистон мутахассисони баландпояи илми таърихшиносӣ тарбия ёфта, ба камол расиданд.

Бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилд ва панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии миллати мо рӯйдоди бесобиқа буд.