ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз саҳифаҳои таърих бароямон маълум аст, давлати Сомониён яке аз давлатҳои мутамаркази давраи асримиёнагии миллати тоҷик маҳсуб шуда, дорои азамати хосса будааст. Низоми давлатдории Сомониён аз ҷониби олимону донишмандони ватанию хориҷӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар ин боб осори зиёди илмиву адабӣ рӯйи кор омадааст. Осори донишмандон Бобоҷон Ғафуров, Нуъмон Неъматов, Аҳрор Мухторов, Маъруфҷон Исоматов ва дигар олмони тоҷик далели воқеии ин гуфтаҳо мебошанд. Чунин нигоштааст омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҷобир МАРДОНЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ “Ховар” ирсол гардидааст. Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори матлаб намудааст:
— Аз маъхазҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки сарсулолаи Сомониён – Сомонхудот (номи аслиаш Аркак), писари ӯ Асад ва ворисони минбаъдаи ӯ Наср, Аҳмад, Яҳё ва Илёс мебошанд. Аз байни ин ҳама ворисон, чӣ гунае ки осори таърихӣ шаҳодат медиҳанд, Наср дар ташакулу рушди давлати Сомониён нақши муҳим бозидааст. Минбаъд дар зери сарпарастӣ ва тарбияи ӯ Исмоили Сомонӣ ба воя расидааст, ки соли 849 дунё омада, дар 16-солагӣ ба арсаи сиёсӣ қадам ва дар муқтадир гардидани ин давлати тоҷикон саҳм мегузорад. Ин фарди бузург бо сифоти таҳаммулпазирӣ, инсонгароӣ ва кордониву тадбирандешӣ шуҳрат пайдо намуда, баҳри ободу хуррамгардонӣ, таъмини амну субот, оромиву осудагӣ, рушди муносиботи сиёсиву давлатию тиҷоратии давлати Сомониён кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.
Пойтахти давлати Сомониён- шаҳри Бухоро ба ҳисоб рафта, ба туфайли робитаҳои тиҷоратӣ дар он замон аз ҳар ҷиҳат шаҳри тараққиёфта ба ҳисоб мерафт. Дар аҳди Сомониён Бухоро дар ақсои олам шаҳри хеле маълуму машҳур буд.
Тавре муҳаққиқони соҳаи таърих дар осори хеш иброз намудаанд, амирони Сомонӣ бо бозтобӣ аз умури давлатдорӣ ва девонсолорӣ дар баробари дифои тамомияти арзии мамлакат аз қудрати сиёсиву низомӣ кӯшиш намудаанд, ки тавассути истеҳкоми дастгоҳи давлатӣ ва ниҳодҳои густурдаи идориву давлатӣ заминаҳои воқеии интиқоли сарзамини Хуросону Мовароуннаҳрро таъмин созанд.
Дар замоне, ки шиддати сиёсӣ-иҷтимоии замона, даргириҳои байниҳамдигарӣ, хонадони Сомонӣ бо кордониву азму иродаи қавӣ барои амалӣ, тарҳрезии давлати марказонидашуда талош менамуданд, амир Исмоили Сомонӣ ба арсаи сиёсӣ боз омада, омолу хостаҳо ва ҷаҳду амалҳои аҷдодони худро идома бахшид ва ба авҷи аълои худ расонид.
Низоми идорӣ ва давлатдории давлати Сомониён, ки дар он замон чун намунаи беҳтарин маҳсуб мешуд, дар давраи ҳукуматдории Исмоили Сомонӣ тарҳрезӣ шуда, минбаъд дар давраи дигар амирони сомонӣ ташаккул ёфтааст.
Низоми давлати Сомониён аз девонҳо ташкил шуда, ҳар яке аз онҳо барои ба низом даровардани масоили маъмуриву давлатӣ нигаронида шуда буд. Тавассути чунин низоми давлатдорӣ амнияту суботи мамлакат таъмин гардида, хараҷу мараҷ ва саркашиҳои сиёсиву қувваҳои марказгурез барҳам дода шудааст, ки ин боис ба мустаҳкам гардидани аркони давлатдории Сомониён гардидааст.
Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» чунин менависад, ки ҳокимон ва волиёни вилоятҳо дар музофоти алоҳидаи вилоятҳо ноибон ва дастнишондаҳои худро нигоҳ медоштанд ва онҳо ноиб, ҳоҷиб, омил ва ё волӣ маҳсуб мешуданд.
Барои таъмини амнияти низоми вилоят ва ҳам ҳокимон дастгоҳи махсуси идоракунӣ таъсис дода шуда, баҳри нигаҳдории субот ва оромӣ ҳатто дастаҳои махсуси ҳарбиён истифода бурда мешуданд. Дар идораҳои маҳаллӣ раис вазифаи умури идораи шаҳру навоҳиро иҷро намуда, амру фармоишҳои амир, вазир ва ҳокимони вилояту девонҳои марказиро бар уҳда дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини он таъмини амнияту суботи шаҳру навоҳӣ низ маҳсуб мешуд. Дар баробари ин дар назди раис вазифаи мӯҳтасиб низ амал намуда, ба истеҳсол, миқдор ва сифати молу маҳсулот, нархгузорӣ ва фурӯшу хариди он, тартиби ахлоқ, аҳкоми шариат дар ҷамъият ва барои ҳукми ҷазо ҷинояткоронро ба қозиёт пешбарӣ менамуд, ки ин мансаб низ дар ҷамъият барои таъмини сулҳу салоҳ ва амният саҳмгузор буд.
Аз девонҳои давлати Сомониён, ки мустақиман бо ҷомеа сару кор дошт, яке девони шурта буд, ки онро соҳибушрот низ меномиданд ва он вазифаи оромию амният, тартибу суботи ҷомеаро таъмин намуда, масъулияти имрӯзаи мақомоти милитсияро иҷро менамуд.
Девони дигар соҳиб – ул- барид ё алоқа унвон дошт, ки яке аз муҳимтарин девонҳои давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ихтиёри он ҳама воситаҳои ахборӣ буд. Тамоми хабару воқеоте, ки дар қаламрави давлат рух медод, албатта, ин девон ба самъи подшоҳ ва дарбориён мерасонд. Сардори ин девон ҳуқуқ дошт, ки бо подшоҳ ва халифа озодона гуфтугӯ намуда, кори хешро ҳал намояд. Ин девон дар ихтиёраш амволи зиёди нақлиётӣ, кабутарони хатбар ва чизҳои дигар дошт. Кормандони он танҳо хизмати ҳукуматдоронро ба ҷо меоварданд. Хату номаҳои мардуми одиро аз маҳал ба маҳал намебурданд. Намояндагии девони барид, умуман, иртибот, хабаррасонии давлатӣ, вазифаи ҷамъоварӣ ва гузоришоти иттилоотро вобаста ба амнияти давлатӣ бар уҳда дошт.
Дигар девонҳо бо чунин унвон ва низом ташкил ёфта буданд: а) девони вазир ё ҳоҷиби бузург, ки ин калонтарин девон ба шумор мерафт. Тамоми девонҳои дигар тобеи он буда, ҳар сари вақт ба вай ҳисобот пешкаш менамуданд. Сардори девон баъд аз амир шахси дувум ба шумор мерафт; б) девони муставфӣ ё хазинадор, ки ин девон вобаста ба воридоту содироти мол фаъолият мебурд; в) девони расоил ё амид-ул- мулк ва он корҳои муҳими давлатиро иҷро намуда, сирҳои асосии давлатдориро ҳифз намуда, идораи умури сиёсӣ бо давлатҳои хориҷиро ба уҳда дошт. Сардори ин девонро аз одамони ба амир наздик таъйин менамуданд. Дар масъалаҳои мухталифи сиёсию байналмилалӣ мушовири амир маҳсуб мешуд; г) девони артиш, ки сардори девон вазифаи вазири мудофиаи имрӯзаро адо менамуд. Дар замони Сомониён он сипаҳсолор ном дошт. Ин девон ҳамчунин вазифаи посбонӣ ва таъмини амнияти мулкро ба уҳда дошт; ғ) девони мушриф ё ашроф ва сардори ин девонро мушриф мегуфтанд. Намояндагони ин девон бо супориши подшоҳ аз паси шахсони масъул назорат мебурд; д) девони амлоки хосаи султон ё аззиёъ, ки дар замони оли Сомон ин девон вазифаи ҷамъ намудани амлокро аз мулкҳои султонӣ (давлатӣ) адо мекард; е) девони алқузо ё қозӣ ва ин девон даъвоҳои мардумро баррасӣ, тақрибан ҳукми вазорати додгустар иҷро менамуд. Вазири онро дар марказ қозиюлқузот мегуфтанд. Шахсе, ки фиқҳу шаръи исломро медонист, ба ҳамин мансаб таъин мешуд; ё) девони авқоф ё вақф, ки он масъули назорат бар масоҷиду заминҳои вақфӣ ва кори мутаваллиён марбут буд. Сиёсати ҳукумати марказӣ ба он нигаронида шуда буд, ки соҳибони вақфҳоро дар хизмати хеш нигаҳ дорад.
Муҳим он аст, ки дар замони мавҷудияти давлати Сомониён фарҳанги халқи тоҷик ба дараҷаи баланд инкишоф ёфт. Дар ин давра илмҳои математика, нуҷум, география, адабиёт, таърих ва амсоли инҳо инкишоф ёфтанд, ки шоирону олимоне, чун Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон намояндагони машҳури он мебошанд. Шаҳрҳои асосии Осиёи Миёна — Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Хуҷанд, Бунҷикат ва ғайра ба марказҳои калони маданӣ табдил ёфтанд. Аз тамоми мамлакатҳои Шарқ ба пойтахти давлат — Бухоро олимон, шоирон, мусаввирон ва дигар намояндагони фарҳанг ҷамъ омада буданд. Қасрҳо, бозорҳо, корвонсаройҳо, масҷидҳои ҷомеъ бунёд гардиданд. Кандакории сутуну сақфи биноҳо, гаҷкорӣ, ороиши зарфҳои сафолӣ ва фулузӣ, соҳаҳои дигари санъати амалӣ ривоҷ ёфтанд.
Метавон гуфт, ки дар таърихи тоҷикон замони салтанати Сомониён давраи тиллоӣ ба ҳисоб меравад.