ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 31-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дусти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.
Дави мазкур дар ду масофа — 7 км ва 5,5 км аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар он кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодону донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти оли касбӣ, сокинони пойтахт, дӯсторони дав ва дигар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
Ғолибону ҷоизадорони «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагон бо медалу диплом ва туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин мусобиқаи «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Ҳиндустон буда, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.