Перейти к содержимому
 

Рафти зимистонгузаронӣ дар Муассисаҳои таълимии н. Файзобод.

Масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-уми ба номи Карим Саидови ноҳияи Файзобод низ баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Зимни суҳбат роҳбарияти таълимгоҳ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини Муассиса бо ангишти хушсифат бо коргоҳҳои ватанӣ ҳамкориро ба роҳ мондаем, ки тибқи шартнома ба миқдори лозима  ангиштро дастрас кардаем. Ҳамзамон аз ҳудуди Муассиса ба миқдори муайян ҳезум низ таъмин карда шудааст, ки барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи зимистон кофӣ аст. Ҳамчунин иштироки фаъолонаи хонандагони таълимгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон ватани азизи ман", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикон оинаи таърихи миллат" ва дигар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ назаррас арзёбӣ карда шуд.