Перейти к содержимому
 

«Дар мақоми дил».

«Дар мақоми дил» таҳти чунин унвон дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев чорабинии фарҳангӣ бахшида ба фаъолияти эҷодии ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон Шоҳназар Соҳибов баргузор гардид. Дар ин тадбири фарҳангӣ намояндагони сохторҳои фарҳангии пойтахти кишвар ва омӯзгорону хонандагони Мактаби мазкур ширкат намуданд. Нахуст иштирокчиён атрофи нақш ва мақоми Шоҳназар Соҳибов дар рушди фарҳанги миллӣ сухан гуфта, иброз доштанд, ки мавсуф сароянда, мусиқинавоз, композитори маъруф ва донишманди барҷаста буд. Саҳми Шоҳназар Соҳибов дар тарбия намудани кадрҳои соҳаи фарҳанг низ назаррас мебошад ва имрӯз бештари шогирдони мавсуф давомдиҳандаи роҳи интихобкардаи ӯ мебошанд. Инчунин аз ҷониби хонандагони Муассисаи давлатии Мактаб- интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев суруди оҳангҳои эҷоднамудаи мавсуф пешниҳод карда шуд.