Перейти к содержимому
 

Довталаби 83-солаи озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем».

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» анҷом меёбад. Дар он 115 нафар довталаб аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок доранд. Калонсолтарин иштирокчии озмун - сокини 83-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Маъқула Ҳакимова мебошад, ки ба пиронсолияш  нигоҳ накарда, ҳар саҳифаи китобро пурра аз худ намудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин зани маърифатпарвару китобдӯст ҳамсуҳбат гардид, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

Маъқула Ҳакимова гуфт, ки ду сол қабл аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро туҳфа гирифтааст ва аз лаҳзаи ба даст гирифтан то ҳанӯз саҳифаҳои онро байни фарзандону наберагон бо завқи беандоза мутолиа менамояд.

Зеро ба гуфтаи ӯ, вазифаи ҳар фарди калонсоли оила аст, ки ин шоҳасарро дар баробари омӯхтан чун ёдгории муқаддас нигоҳдорӣ намояд ва онро ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи пуршарафи миллату давлати худ, таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани ифтихори миллию ватандӯстии фарзандон, наберагону аберагон истифода барад.

«Баъзеҳо аз шавқ надоштани  фарзандонашон ба мутолиаи китоб  шикоят менамоянд. Охир дар ҳама кор мо, насли калонсол, падару модарон, бобою бибиҳо бояд намунаи ибрат бошем. Китобхониро мо бояд аз худамон оғоз намоем. Агар худамон китоб хонем, китоб харем, ба он эҳтиром гузорем, онро ба дигарон туҳфа намоем, дар хонаамон ҷевони китоб дошта бошем,  пас талқин намудани дигарон ба ин кори муфид осон мешавад»,-андеша дорад ин зани оқила.

Маъқула Ҳакимова дар мактаби маҳви бесаводӣ таҳсил намудааст. Хату саводро танҳо дар он ҷо аз худ намудаву барои сайқал додани донишаш китобҳои зиёдеро аз бар намудааст. Ӯ мегӯяд, ки агар инсон ба хониш завқ дошта бошад, барои таҳсилаш касе ё чизе монеъ шуда наметавонад. Зеро одами босавод дар ҳама давру замон соҳибэҳтиром буда, дар шебу фарози зиндагӣ роҳи дурустро интихоб карда метавонад. Мутолиа ба насли калонсол ҳам чун обу ҳаво зарур аст. Агар саломатӣ имкон диҳаду  шумо дар пирӣ ҳам ба мутолиа машғул шавед, ин бахти калон аст. Зеро инсон тамоми умр ба  ғизои маънавӣ ниёз дорад.

«Имрӯз барои хондан, аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои гуногун шароити хеле мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Бар замми ин имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон тамоми имконотро барои таҳсилашон муҳайё намудаанд. Яке аз ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат- ин туҳфаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонадони мамлакат мебошад. Зеро китоби «Тоҷикон» асари нотакрору фарогир буда, дар он таърих, забон, урфу одат ва  рӯзгори гузаштагони мо хеле равшану возеҳ ва боэътимод ба риштаи таҳлил гирифта шудаанд», - гуфт номбура.

«Ман аз иқдоми неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақдими китоби «Тоҷикон» ва ташкили озмун барои омӯзиши таърихи миллат ифтихор менамоям. Зеро ин амали Пешвои миллат шоистаи таҳсину офарин аст. Ман дар тамоми умри худ надидаву нашунидаам, ки дар ягон давру замон роҳбаре барои босавод шудани халқ чунин ғамхорӣ намуда бошад», -мегӯяд бо ифтихор ин зани куҳансол.

Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки ҳар давру замон шахсиятҳои таърихӣ, қаҳрамонон ва нобиғагони худро дорад, ки дигарон низ бояд амали онҳоро пайравӣ намуда, фаъолияти онҳоро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.

«Бо ҳамсолону духтарони деҳа орзу мекардем, ки ба мисли модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома  Бобоҷон Ғафуров — Розия Озод бошем. Зеро ин зани маърифатпарвар дар қатори шоири ватансаро будан ҳамзамон дар ташаккули шахсияи аллома низ нақши барҷаста гузоштааст. Ҳамин орзуву ҳавас буд, ки пайваста рӯзгори ӯ ва қаҳрамонии писарашро мутолиа намуда, барои фарзандону наберагон қисса менамоям», -гуфт Маъқула Ҳакимова.

Мавсуф, ки аз саҳифаҳои таърих хуб бархурдор аст, мегӯяд, ки шоир Розия Озод шоҳиди вазниниҳои сахти давраҳои тоинқилобӣ буда, мехост фарзандонаш соҳиби илму дониш гарданд, ба халқу ватанашон хизмат намоянд, аз ин рӯ мунтазам баҳри тарбияи фарзандон кӯшида, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия менамуд.

«Шеъри «Хайр, модарҷон» маҳсули эҷоди шоир Розия Озод буда, дар китоби «Хотира» ҷой дорад. Ин китоб ба диловарии ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, нангу номуси ватандорӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба Ватани маҳбубу хоки муқаддаси он бахшида шудааст.

Ҳаёт ва зиндагиномаи Розия Озод барои занону модарони қарни 21-и тоҷик намунаи барҷастаи ибрат ва барои миллатамон мояи ифтихору сарфарозӣ аст, зеро шоир дар шеъри «Хайр, модарҷон!» барҳақ гуфтааст: «То бигӯӣ, ҳаст фарзанде маро ҳам қаҳрамон»»,-изҳор дошт ӯ.

«Пайваста ба фарзандону наберагон кору пайкори Президенти ҷумҳуриамонро  намуна оварда, таъкид менамоям, ки дар пайравӣ ба  ин қаҳрамони давр барои ободии диёр саъю талош намоянд, ватандӯстдор бошанду ба халқу модари хеш хизмат намоянд. Зеро кору пайкори Сарвари давлати мо  намунаи ибрат аст, хизматҳои барои халқ намудаашон оливу бебаҳо мебошанд. Мисоли равшан ташкили чунин озмуни ватандӯстона мебошад», -таъкид намуд иштирокчии 83-солаи озмун.

Ёдовар мешавем, ки аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.