Перейти к содержимому
 

МУҶАССАМАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Он туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 19.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, моҳи декабри соли равон дар Тоҷикистон 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат 14 ноябри соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, парда бардоштанд.

Қомат афрохтани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.

Муҷассама аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шуда, таҳпояи он 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор — «Тоҷикон» ҷой дода шудааст, ки бешубҳа, аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидаанд.

Майдони назди пайкара бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар ин ҷо ҳамчунин ду фаввораи зебо низ бунёд гардидааст. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир буда, дар яке аз онҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари «Тоҷикон» ҷой дода шудаанд ва рамзи дигар- асари мондагори Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон»-ро, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, натиҷаи заҳмати чандсолаи академик аст, таҷассум намудааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди иншоот бо завқу салиқаи баланд корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ анҷом дода шудаанд, ки ифтитоҳи он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Ёдовар мешавем, ки академик Бобоҷон Ғафуров раванди таҳқиқоти «Шахсиятҳои наҷиби халқи тоҷик»-ро амалӣ ва ҳамзамон «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро таълиф намудааст, ки ин асар ба забони русӣ тарҷума ва се маротиба — солҳои 1949, 1952 ва 1955 дар шаҳри Москва нашр гардидааст.

Бо ибтикори Бобоҷон Ғафуров мавзуи аҳди Кӯшониён ба барномаи таҳқиқотии ЮНЕСКО ворид гардида, соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат Конференсияи байналмилалӣ оид ба таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони Кӯшониён дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар қатори ин асару мақолаҳо осори дигаре, аз қабили «Тоҷикон», «Таърихи дуҷилдаи халқи тоҷик», «Давраи Кӯшониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Масоили муҳими наҳзатҳои миллӣ-озодихоҳӣ», «Тадқиқи тамаддуни Осиёи Марказӣ»,«Ал-Форобӣ дар таърихи тамаддун» ва ғайра боиси ифтихори миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Мавриди тазаккур аст, ки «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров баъд аз «Шоҳнома» ва «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ барои миллати тоҷик бузургтарин таснифот ба шумор меравад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи зиёда аз 400 асару мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Монографияи «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» соли 1972 дар Москва ба забони русӣ чоп шуда, соли 1983 қисми 1 ва соли 1985 қисми 2 ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки он ҳамчун шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик шинохта шудааст.

Китоби «Тоҷикон» воқеан, оинаи тамаддуни миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки муҳимтарин сарчашмаи илмию таърихии миллати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо баррасӣ намудааст.

Хотиррасон мешавем, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Охири моҳи ноябри соли равон озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян мешаванд.

Озмун бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон гузаронида шуда, барои баргузории он аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.