Перейти к содержимому
 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд.

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар кору фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятҳоро истифода барем.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он ва пешгирӣ намудани болоравии нархҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва сарчашмаҳои иловагии рушд аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме арзёбӣ гардид, ки бояд ба ҳаллу фасли онҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аз Президенти мамлакат ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимонда, пурра омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 - 2024 ва иҷрои барномаҳои рушди соҳавию маҳаллӣ супориш гирифтанд.

Ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои тасдиқшудаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои муассир андешанд.

Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастур дода шуд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маводи ғизоӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ба итмом расонидани кишти тирамоҳӣ, мавсими ниҳолшинонии тирамоҳӣ ва дигар корҳои мавсимӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки захира кардани тухмиҳои репродуксияи баланд, ташкил кардану рушд додани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд таҳти назорати доимии роҳбарону мутахассисон қарор дошта бошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани се - чор ҳосил аз заминҳои корами обӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Барои мусоидат ба рушди соҳаҳои парандапарварию чорводорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти ташкили фермаҳои чорводорию парандпарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори истеъмолӣ чораҳои дахлдор андешанд.

Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ аз тадбирҳои иловагӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ гардид.

Вобаста ба вазъи имрӯзи ҷаҳон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як хонаводаро ҳушдор сохтанд, ки дар фикри таъминоти худ бошанду ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳтоҷӣ накашанд.

Барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корҳоро ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд.

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чорум фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ боз ҳам вусъат бахшанд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро барои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бартараф кардани раванди таълиму тарбия дар се баст, зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ ба таври ҷиддӣ вусъат бахшанд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои зиёди вилоят ташкил кардани инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаро тақозо мекунад.

Дар машварати корӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бартараф кардани камбудиҳои зикршуда, таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд мусоидат карда, дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад.

Дар охири кори машварат Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Суғд минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода буда, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи корҳо дар бахшҳои иқтисоди миллии вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.