Перейти к содержимому
 

Ба истифода додани кӯдакистони “Ситораҳои дурахшон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса фарогирии кӯдакони то синни мактабӣ дар ин боргоҳи таълиму тарбия бамаротиб зиёд гардида, дар маҷмуъ 460 нафарро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти зиёд шудани аҳолӣ ва афзоиш ёфтани талабот ба кӯдакистон дар ҳудуди деҳоти Дадобой Холматов бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва саҳми аҳолӣ сохтмони бинои иловагии кӯдакистон ба роҳ монда шуда, дар мӯҳлати кӯтоҳ бо тарҳу намои зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

Бинои муассисаи томактабӣ барои тарбияи кӯдакон дар шаш гуруҳ пешбинӣ гардида, аз синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, дастшӯӣ, ошхона, толорҳои мусиқӣ, варзиш ва нуқтаи тиббӣ иборат буда, дорои системаи худии гармидиҳӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар давраи зимистон низ раванди таълиму тарбия дар сатҳи зарурӣ бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамгардида ба роҳ монда шавад.

Муассиса мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа бунёд ёфта, ҳар як гурӯҳ бо навтарин аёниятҳои таълимӣ, мизу курсиҳо, телевизор ва дигар воситаҳои омӯзишию фароғатӣ таъмин мебошад.

Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Дар рафти таълим усули фаъоли ҳамгиро васеъ истифода мегардад.

Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса 15 нафар ба кор ҷалб карда шуда, дар маҷмуъ шумораи кормандони ин муассисаи тарбиявӣ ба 45 нафар расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва сӯҳбати гарму самимӣ бо кӯдакону мураббиён изҳор доштанд, ки зинаи нахустини таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзандон маҳз аз кӯдакистон оғоз меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати сохтмону бунёди чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ дар тамоми деҳот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.