Перейти к содержимому
 

«АЗ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БУДАНАМ ИФТИХОР ДОРАМ!» Дар Душанбе иқдоми тарғиботӣ ва барномаи бошукуҳ доир шуд.

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор мекунам»-ро доир менамояд. Аз ҷумла, дар Кохи «Суруш» барномаи фарҳангии бошукуҳ ва маросими супоридани шиносномаҳо ба шаҳрвандоне, ки нахустин маротиба соҳиби шиносномаи миллӣ мегарданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар ҳамоиш беш аз 40 нафар ҷавонони фаъол, ки нахустин маротиба соҳиби шиносномаи миллӣ мегардиданд, дар фазои идона бо шиносномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ташкилоти қарзӣ ва ҷавонони фаъол, дар маҷмуъ 800 нафар иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки шиноснома – ин ҳуҷҷати аввалиндараҷа ва тасдиқкунандаи шахсият мебошад, ки шаҳрванд тамоми ҳуҷҷатгузориҳои худро тавассути он амалӣ менамояд. Шиносномаи шаҳрванд ҳуҷҷати тасдиқкунандае аст, ки дастрасии шаҳрвандонро ба имконияти иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда, соҳиби шиноснома таҳти ҳимояи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Мақсад аз баргузории ин иқдом — мусоидат ба таҳким ва рушди шуури миллӣ, ҳамбастагии шаҳрвандии насли ҷавони мамлакат, тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба таърих ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, волоияти қонун ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошад.