Перейти к содержимому
 

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз ёфт.

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид.

Дар фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок доранд.

Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими оғози ин фестивали байналмилалӣ манзур мешавад.