
ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба осорхона.
Меҳмононро директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода истиқбол намуда, баъдан аз ҷониби роҳбаладон ва ходимони илмии муассиса сайрҳои осорхонавӣ ташкил карда шуданд.
Меҳмонон зимни тамошои толорҳои Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 14 май дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» оғоз гардид, ки 15 май низ идома меёбад.