Перейти к содержимому
 

Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе  барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ  озмунҳои шаҳрӣ дар  соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Рӯзи пойтахт табрик гуфтанд.

Таъкид карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.

Солҳои охир бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шаҳри Душанбе корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар 8 соли охир 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд карда шуд.

Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда идома дорад.

Агар соли 1930 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 13 кӯча вуҷуд дошта бошад, имрӯз дар он зиёда аз 300 кӯча, 20 маҳал, 104 маҳалла ва 4 ноҳия мавҷуд мебошад. Аз соли 2017 то ҳол дар Душанбе 2 миллиону 700 000 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, 145 муассисаи маориф, 21 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 90 корхонаи саноатӣ, 300 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 44 меҳмонхона, 101 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 29 маркази дилхушӣ, 26 бозор, 98 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 60 боғу гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 4 қасри фарҳанг, 7 театри касбӣ, 11 осорхона, 17 китобхона, 6 амфитеатр, 122 ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки асоси инфрасохтори хизматрасонии пойтахтро ташкил медиҳанд.

Дар идомаи барномаи фарҳангӣ,  ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукуҳтар гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ — ниммарафони XV байналмилалии Душанбе баргузор гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон иштирок  намуданд.

Ҳамчунин имрӯз бахшида ба ин ҷашн бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт базмҳои пуршукуҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардиданд.