
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин давраҳои рушди пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Дар даҳсолаи охир дар натиҷаи бунёд ёфтани садҳо иншооти маъмурӣ, илмию фарҳангӣ, биноҳои баландошёнаи маишию хизматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳо ва марказҳои фароғатӣ симои шаҳр ба куллӣ дигаргун гашт. Шаҳри Душанбе таърихи беш аз 2300 — сола дорад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
-Шаҳрҳо ва бахусус шаҳрҳое, ки ба сифати марказҳои маъмурии давлатҳо хизмат менамоянд, ҳамеша баробари такомули осори фарҳангии офаридаи худашон пешрафт мекунанд ва шинохта мешаванд. Яъне дар баробари дигар ҳамтоёнашон онҳо ҳувияти нотакрори худро пайдо мекунанд.
Фарҳанги чунин шаҳрҳои ҳувиятёфта на танҳо гузаштаву ҳозираро дар бар мегирад, балки сарнавишти минбаъдаи қавму миллатро муайян менамояд. Барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойтахти он- шаҳри Душанбе маҳз чунин маҳзари рӯнамоикунандаи дастовардҳои он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста мешавад.
Омили асосии афзоиши меҳру вафодории сокинони мамлакат ба шаҳри Душанбе аз он сарчашма мегирад, ки рамзҳои ҳувиятсози миллиямон маҳз дар қаринаи ҳаёти муосири ҷамъиятии шаҳри Душанбе ва мероси фарҳангии он тавлид мешавад ва вижагиҳои онро дар худ инъикос менамоянд. Бинобар ин осори фарҳангии он аз дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа мегузарад, дар канор нест ва онро бо услубҳои ба худ хос инъикос менамояд.
Баъд аз истиқлоли мамлакат рамзҳои ташаккулдиҳандаи арзишу ҳувияти аслӣ ва воқеии давлат дар пойтахт бунёд карда шуданд. Дар ин замина метавон аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Парчами миллӣ, Нишон, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, чойхонаҳои миллӣ ва ғайра ёдовар шуд. Қобили тазаккур аст, ин рамзҳо ба ташаккул ва рушди ҳувияти миллат таъсири мусбат гузоштаанд.
Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат маркази бузурги неруҳои зеҳнию фикрии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ба таври табиӣ ҳаммонанди дигар пойтахтҳо Душанбе низ бештарин муассисаҳои илмию омӯзишӣ ва фарҳангиро дар худ ҷой додааст. Бо инфрасохтори рушкунандаи худ пойтахт акнун барои ҷалби сармоя, таъмини ҷойи таҳсилу истиқомат, рушди зеҳнҳою истеъдодҳо ва амалинамоии тарҳҳои нав талош меварзад.
Дастгириҳои рӯзафзуни Раиси шаҳри Душанбе дар ин самт имкон фароҳам оварданд, ки бо такя ба захираҳое, ба монанди донишгоҳҳою донишкадаҳо, захираҳои инсонӣ, татбиқи натиҷаҳои таҷрибаҳои илмӣ, инфрасохтор, тамоили рушди соҳибкорӣ ва ғайра ба тадриҷ аз сарбориҳои инфрасохтори марбут ба технологияҳои саноатии насли якуму дуюм, ки сарфи зиёди энергияро талаб менамоянд, бо роҳи оқилона халос шуда, ба татбиқи дастовардҳои саноати рақамӣ машғул шавад. Аз ин ҷиҳат иқдоми бунёди корхонаҳои насли нави технологӣ, IT- паркҳо дар Душанбе дар ин самт босуръат амалӣ мешавад. Дар чунин ҳолат мувафаққияту пешравиҳои пойтахт метавонад барои шаҳрҳои дигари давлатамон омили таҳрикдиҳандаи рушди инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав гардад.
Яке аз самтҳое дигаре, ки шаҳри Душанберо ҳамчун оинаи таъриху маданияти тоҷикон бештару беҳтар муаррифӣ менамояд, ҳамкории берунии шаҳри Душанбе мебошад. Арзишмандии ин амалҳо хусусан дар қиболи равандҳои муосир, ки тамоюли чандҷанбагаройӣ ё мултилатерализм дар онҳо афзалият пайдо мекунад, беназир аст. Бинобар ин, такомули чунин иқдом барои вусъати ҳамкории берунии шаҳри Душанбе ҷузъи ногусастании сиёсати хориҷӣ ва яке аз таркибҳои меҳварии сиёсати «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тасдиқи ин гуфтаҳоро дар мисоли чорабиниҳои баргузоршуда дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об, иқлим ва экология, таъсиси платформаҳои эътирофшудаи глобалии «Раванди оби Душанбе», «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм» ва даҳҳо кӯшишу талошҳои дигари башардӯстонаи Пешвои миллат мушоҳида кардан мумкин аст, ки шаҳри Душанбе мизбонии онҳоро ба зимма дошт.
Ҳамчунин давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба маркази нишастҳои сатҳи баланд табдил ёфта, дар баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон нақши созгорро иҷро намуд. Дар айни замон Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 20 шаҳр аҳди бародарӣ бастааст. Яъне бо дилпурӣ метавон баён дошт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ барои рафъи мушкилоти глобалӣ ва ҳамзистии осоишта байни давлатҳо саҳми босазо мегузорад.
Нуктаи муҳиму ифтихорманд ин аст, ки барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳамарӯза бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» дода шудааст.
Ҳамзамон 8 сентябри соли 2014 ба ифтихори 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи Озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар номинатсияи «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтори муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳо ва Созмони ҳамкории Шанхай сарфароз гардид.
Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар даврони маъмурияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанбе дар муддати кӯтоҳ на танҳо симояшро комилан дигар намуд, балки моҳиятан ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар мегардонад. Исботи ин қазоватро далелҳои зиёде имконпазир месозанд.
Ҳамин тавр, барномарезии оқилонаю дурбинонаи рушди имрӯзаи пойтахт масоили солҳо вуҷуд доштаро мувафаққона ҳал менамояд. Дар ин масъала ҳоло натиҷаҳои аввалин ба назар мерасанд. Агар пеш шаҳри Душанбе аз ҳисоби маҳаллаҳои ҳошиявии нообод васеъ мешуд, имрӯз мебинем, ки васеъшавии шаҳр аз ҳисоби сохтмони маҳаллаҳои хушсохт, биноҳои бисёрошёна ва манзилгоҳҳои дастрас васеъ мегардад. Пойтахти азизи мо имрӯз дар чанд қисмат густариш ёфта, ҳашамату ҷалоли касб кардааш онро бо суръат ба шаҳри модерну замонавӣ мубаддал месозад. Барои ҳамин қисми зиёди таҳлилгарон таъкид менамоянд, ки симои меъмории шаҳри Душанбе ва фазои фарҳангие, ки намои онро равшан менамояд, ҳамчун рамзи кӯшишу талоши давлат барои оянда хизмат мекунад. Ин на танҳо дар симои биноҳои истифодаи умумии замонавӣ, инчунин дар симои биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ низ ба хубӣ аён аст.
Имрӯз шаҳри сулҳ- Душанбе ба унвони боамнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гардидааст.
Ҳарчанд Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт, аммо боғсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо идома дорад, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нест. Калонтарин бозорҳои Душанбе акнун дар биноҳои муҳташаму зебои болопӯшида ҷой гирифтаанд ва дигар он растаҳои қадимиро дар кам ҷое метавон пайдо кард. Парки нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста бо худравҳои барқӣ нав мешавад. Дар кӯчаю хиёбонҳо гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ ва эстакадаҳо қомат меафрозанд. Яъне рушди инфрасохтор пайваста дар мадди назар қарор дорад ва ин омили муҳими рақобатпазирии он бо пойтахтҳои давлатҳои дигар аст. Дар ҷомеашиносии шаҳр чунин андеша ҳам ҷой дорад, ки рушди инфрасохтор боварии иҷтимоиро боло бурда, боиси фаъолнокии шаҳрнишинон мегардад.
Мо боифтихор гуфта метавонем, ки шаҳри азизи мо ба фардои пурсаодати худ дилпурона бо матонати бемисл ва ғайрату неруи тамом гом мебардорад. Маҳз дар чунин фазои анбошта аз талошҳои эҳёгароёна анъанаҳои фарҳангиямон муносиб бо руҳияи даврони истиқлоли давлатӣ дар зеҳну рафтори мардум ва умуман муҳити имрӯзаи ҷамъиятӣ ҷилвагар мешаванд ва боиси тақвияти ҳисси ватанпарастии омма мегарданд.
Хусусан дар айёми таҷлили иди Наврӯз дидем, ки анъанаҳои он бо таъсир аз муҳити хоси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатамон мазмуну мундариҷаи муносиб ба марҳилаи рушди даврони муосир пайдо намудаанд. Таҳияи армуғонҳои наврӯзӣ бо истифода аз фанновариҳои муосир, ороиши маҷозии суфраи идона, ороиши хиёбонҳо бо рамзҳои фанноваришудаи наврӯзӣ, аз ҷумла суманак ва ғайра барои ҷалби завқу муҳаббати насли навраси дар муҳити дастовардҳои технологӣ ба воя расида нақши муассир доранд.