Перейти к содержимому
 

ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии  шаҳри Душанбе  пиру барно  барои  таҷлили  Рӯзи пойтахт, ки  ҳамасола шанбеи сеюми  моҳи апрел таҷлил мегардад, ҷамъ омадаанд. Бо истифода аз ин  фурсати муносиб    наметавон аз  зебоии  боғҳои камназир ва гулгаштҳои дилрабои пойтахт,  фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо, дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишии он ҳарф назад. Душанберо беҳуда боғшаҳр ном намебаранд. Имрӯзҳо боғҳо ва гулгаштҳои Душанбе  ба макони писандида ва сайру саёҳати  сокинону сайёҳони пойтахт табдил ёфтаанд.

Шаҳри Душанбе дорои 17 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 44 гулгашт аст, ки онҳо ҳамарӯза ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Аз ҷумла, боғҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Куруши Кабир», «Аҳмади Дониш», «Алишери Навоӣ», «Парчами давлатӣ», «Нишони давлатӣ», «Ҷавонон», «Нав­рӯзгоҳ», «Хайём» ва «Восеъ» бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат таъсис дода шуда, боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, «Ирам», «Кӯли ҷавонон», «Боғи кӯдакон», «Ғалаба», гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди нав­созӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сокинони пойтахт ҳатто шабҳангом дар ин боғу хиёбонҳо сайру гашт намуда, хастагии худро бартараф месозанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе ба миқдори 5 миллиону 859 ҳазору 25 бех гулҳои лола ва 1 миллиону 577 ҳазору 960 адад қаламчаи гули садбарг  шинонида шудааст, ки сарсабзию шукуфоӣ ва озодагии шаҳрро таъмин менамоянд.

Инчунин ба миқдори 10 миллиону 618 ҳазору 178 адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шудаанд. Аз ин миқдор 3 миллиону 811 ҳазору 878 адад гулҳои мавсимӣ ва 947 ҳазору 275 адад гулҳои бисёрсола мебошанд.

Ҳамзамон дар ҳудуди пойтахт дар 94 ҳазору 804 метри мураббаъ майдони майсазор ташкил карда шуда, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 178 ҳазору 621 бех дарахтони сояафкан, 299 ҳазору 322 бех дарахтони ороишӣ, 111 ҳазору 619 бех дарахтони мевадиҳанда ва 41 ҳазору 184 бех буттаҳо шинонида шудаанд.

Шинонидани дарахт, бунёди боғу сабзазоркунии муҳити зист дар баробари номи нек гузоштан ба фарзанд ва тарбияи он яке аз суннатҳои беҳтарини мардуми мо мебошад.

Ҳамин аст, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун нишони ҳамраъйии сокинони пойтахт ва бо мақсади боз ҳам сабзу хуррам  гардонидани шаҳри Душанбе борҳо аз ҳар оилаи сокини пойтахт даъват ба амал оварданд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисти худ як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парвариш намоянд.

Ин пешниҳод давоми мантиқии сиёсати хирадмандона ва созандаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мегардад.

Давоми солҳои охир тавассути фаъолияти созандаю бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти давлати мо ба яке аз шаҳрҳои дилрабою сабзи дунё табдил ёфтааст ва зебоии он ҳар сайёҳу шаҳрванди хориҷиро мафтун мегардонад.

Воқеан, мардуми тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик давоми садсолаҳо ба зироаткорӣ, боғдорӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои беҳтарини зироати кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ороишӣ машғул шуда, ҳамеша барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саъю кӯшиш менамоянд. Ободкорию созандагӣ, зебою озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти мамлакат суннатҳои миллати қадимии моро  тақвият мебахшанд.

Сабзазоркунии боғу гулгашт ва хиёбону кӯчаҳои  шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти давлати моро зебою дилрабо мегардонад, балки вазъи экологии шаҳрро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад. Дарахту буттаҳои сабз барои инсон муҳити мусоиди зист фароҳам оварда, шароити меҳнат ва истироҳати аҳолии шаҳрро беҳтар мегардонанд.

Бояд гуфт, ки ниҳолшинонию гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.

Воқеан, имрӯз пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе дар назари аввал ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки диққати ҳар бинандаро  ба худ ҷалб менамояд. Моро зарур аст, ки ба ин бӯстон гулу гулбутта ва ниҳолони нав афзуда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.